Ҳиндустон дар бозсозии фурудгоҳи Айнӣ кӯмак кардааст

Тибқи иттилои хабаргузории "Авеста", баъд аз такмили бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳукумати Ҳиндустон омода аст дар тарбияи кормандони ин фурудгоҳ низ кӯмак кунад. Дар ин бора Умар Сингҳ-сафири Ҳиндустон дар поёни давраи фаъолияташ баъд аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гуфтаи сафир, Ҳиндустон дар таҷдиду бозсозии ин фурудгоҳ ба Тоҷикистон кӯмаки моливу техникӣ кардааст. Сафир ҳамчунин хабар дод, ки ду ширкати Ҳиндустон ҳоло дар ноҳияҳои Ёвону Шаҳритус имкони тавлиди шакарро баррасӣ доранд.