Ҳолланд Уругвайро бо ҳисоби 3-2 шикаст дод

Ҳолланд пас аз 32 соли интизорӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол расид. Дар бозии ҳаяҷонангез бо тими милии Уругвай, футболбозони ҳолландӣ, ягона тими боқимонда аз Амрикои Лотиниро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст доданд. Голи зебои аввалро, Ҷованнӣ ван Бронкҳорст, капитани ҳолландиҳо аз масофаи дур ба ҳадаф расонд. Аммо хурсандии мухлисони Ҳолланд дер идома накард, зеро Диего Форлан ҳамлагари Уругвай низ бо зарбаи зебое аз дур, дарвозабони Ҳолландро маҷбур кард, тӯбро аз дохили дарвоза бигирад. Ду голи дигарро ҳолландиҳо дар даври дуввуми бозӣ заданд ва дар се дақиқаи изофӣ як голи дигар хӯрданд. Ҳолланд, соли 1974 ва соли 1978 ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол расидааст ва имсол аз миёни ду рақиби нерӯманди аврупоӣ, Испониё ва Олмон ба яке аз онҳо рӯ ба ӯ хоҳад шуд, ки ҳарду имрӯз дар шаҳри Йоҳаннесбург нерӯ меозмоянд.