Русия, Қазоқистон ва Белорус изҳорот дар бораи татбиқи Кодекси гумрук шурӯъ аз рӯзи 6 июли соли равонро имзо карданд. Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, хабар дод. Дар ин шаҳр нишасти сарони кишварҳои узви ЕврАзЭС – Иттиҳоди ҳамкориҳои АвроОсиё баргузор шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Қирғизистон Роза Отунбоева дар нишасти хабарӣ дар Остона изҳор намуданд, ки имкони шомил шудани кишварҳояшон ба Иттиҳоди гумрукиро баррасӣ мекунанд. Айни ҳол ба ин иттиҳод се кишвар - Русия, Қазоқистон ва Белорус шомиланд.
Нишасти навбатии Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС нимаи дуввуми моҳи декабр дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.
Нишасти навбатии Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС нимаи дуввуми моҳи декабр дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.