Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус тайид кард, ки Минск ҳама созишҳом марбут ба Иттиҳодияи гумрукиро тасвиб кардааст. Қаблан бархе хабаргузориҳо навишта буданд, ки 30 июн парлумони Белорус дар иҷлосияи пушти дарҳои баста созиш дар бораи Кодекси гумрукиро пазируфтааст. Татбиқи ин санад дар қаламрави Иттиҳодияи гумрукӣ - Русия, Белорус ва Қазоқистон аз рӯзи 1 июл шурӯъ шуд. Қарор аст, ки раванди ташаккули Иттиҳодияи гумрукӣ дар нишасти сарони ЕврАзЭС – Иттиҳодияи иқтисодии кишварҳои АвроОсиё анҷом ёбад. Ин нишаст имрӯз дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, ифтитоҳ мешавад.