Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, имрӯз дар шаҳри Боку бо мақомоти Озарбойҷон мушкилоти минтақаӣ, аз ҷумла, ҳалли мусолиматомези қазияи Қарабоғи кӯҳиро баррасӣ мекунад. Мавзӯъи Қарабоғи кӯҳӣ дар меҳвари музокироти хонум Клинтон бо раҳбарони Арманистон низ қарор хоҳад дошт. Вазири умури хориҷии Амрико шоми имрӯз аз Боку ба Ереван меравад. Қарор аст, ки Ҳилларӣ Клинтон аз Гурҷистон ҳам дидан кунад.
Шоми дирӯз хонум Клинтон дар шаҳри Кракови Лаҳистон дар маросими таҷлил аз даҳсолагии созмони “Иттиҳоди демократия” суханронӣ кард ва гуфт, қудратҳои мустабид дар сартосари олам, аз ҷумла, дар Русия, фаъолони гурӯҳҳоеро, ки барои рушди демократия талош мекунанд, таҳти фишори шадид қарор додаанд. Миёни кишварҳое, ки созмонҳои ғайриҳукуматӣ пайваста таъқиб мешаванд, хонум Клинтон ҳамчунин аз Чин, Зимбабве, Миср, Эрон ва Венесуэла ном бурд.