Клинтон ва Сикорский дар Краков мулоқот карданд

Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои лаҳистонияш Радослав Сикорский як санади иловагӣ ба созиши байни ду кишвар оид ба ҳамкорӣ дар бахши дифоъ аз ҳамлаи мушакиро имзо карданд. Маросими имзои ин санад дар шаҳри Кракови Лаҳистон баргузор шуд. Баъд аз имзои санад хонум Клинтон гуфт, ки мустақаршавии системи зиддиҳамлаи ҳавоии Амркио дар Аврупо ба ҳеҷ ваҷҳ алайҳи Русия равона нашудааст.
Хонум Ҳилларӣ Клинтон рӯзи шанбе дар нишасти байнулмилалӣ бахшида ба даҳсолагии таъсиси Иттиҳодияи демократӣ дар Краков ширкат хоҳад кард. Ин созмони байниҳукуматӣ аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва Лаҳистон таъсис шуда, ба он кишварҳои демократии олам шомиланд.
Ҳилларӣ Клинтон баъди анҷоми сафараш дар Лаҳистон аз се кишвари қафқозӣ - Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон дидан мекунад.