Гулҷаҳон мисли даҳҳо духтари дигари тоҷик, бо роҳи фиреб ба Аморати Муттаҳидаи Араб, барои танфурӯшӣ бурда шуда буд. Пас аз раҳоии Гулҷаҳон ва шикояти ӯ ба мақомот, ду шаҳрванди Тоҷикистон бо айби қочоқи инсон дар шаҳри Дубай боздошт шудаанд.
Гулҷаҳон нақл мекунад, ки «либосҳои нимаурён пушонида, моро маҷбур мекарданд, ки дар назди бойҳои арабу эрониву ҳинду дар дискотекаҳо рақс кунем. Агар ба он ҷойҳо намерафтем, дар ҷои зист мардҳои бегонаро оварда, мегуфтанд, ки бо онҳо ҳамхобагӣ кунем».
Ин ҷавондухтар сокини як ноҳияи минтақаи Кӯлоб аст, ки ба таври рамзи Гулҷаҳон номаш мебарем. Вай мегӯяд, соли гузашта духтари холааш бо рақами номаълуме занг зада, ӯро барои кор ба як корхонаи ширинибарорӣ дар Русия даъват кардааст. Аммо зане, ки дар шаҳри Душанбе худро дӯсти холадухтараш муаррифӣ карда буд, ӯро дар фурӯдгоҳи Душанбе ба ҳавопаймои самти Дубай савор кардааст ва ӯ танҳо пас аз парвоз огаҳ шудааст, ки ба самти дигар павроз дорад:
«Рости гап, то синфи 8 хондаам ва ҳатто намедонистам, ки Дубай дар куҷост ва Русия дар куҷо. Аз бесаводии ман истифода карда, маро гуфтанд, ки савор шав ва аз касе чизе напурс, ҳарчанд, мешунидам, ки дар ҳавопаймо мегуфтанд, ки ба самти Душанбе-Дубай парвоз дорем. Фаромадан баробар шиносномаҳоро аз дастамон гирифта гуфтанд, ки либосҳои нимаурён пӯшед. Ҳайрон шудам ва баъд фаҳмидам, ки чӣ гап шудааст, вале дигар ҳеҷ илоҷ надоштам».
Гулҷаҳон танҳо пас аз расидан ба Дубай дарк мекунад, ки духтари холааш ва зане, ки аз Душанбе ӯро ҳамроҳӣ кардааст, ба ҷалб кардани духтарони тоҷик ба фоҳишагӣ шуғл дорад. Аз рӯзи аввал маҷбуран ва ғайрихоҳиш ӯро ба корҳои шавҳонӣ дар казинову дискоклубҳо ҷалб мекунанд. Гулҷаҳон мегӯяд, борҳо қасди худкӯшӣ кардааст, аммо натиҷа надодааст. Ва танҳо пас аз як моҳи бадзистӣ, ки боиси бемории сахт шудааст, одамфурӯшон ӯро ба Тоҷикистон бозпас фиристодаанд:
«Омадаму дар беморхона бистарӣ шудам. Ба модарам гуфтам, ки рафта ба милиса хабар диҳад. Аммо ӯ тарсид ва танҳо пас аз сиҳат шудан худам рафта ба милиса шикоят кардам. Баъди шикоят Зуҳро, занеро, ки маро ба чунин корҳо бурда буд, аз Дубай боздошт карданд ва духтари холаамро аз Душанбе».
Давлат Наҷмиддинов, сардори шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила дар минтақаи Кӯлоб аз нафаронест, ки ба арзи ин хонум расидагӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, пас аз шикояти ин хонум онҳо барои боздошти Зуҳро Ашурова ва Сафаргул Гулахмедова - ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар хариду фурӯши инсон гумонбар дониста мешаванд, ба мақомоти интизомии Дубай дархост равон карданд. Ба гуфтаи ӯ феълан, ин занҳо дар боздошгоҳ буда, аъмолашон баррасӣ мешавад:
«Нисбати ҳарду онҳо ҳоло дар тафтишоти Вазорати корҳои дохила парванда боз шудааст. Онҳо бо чанд банди моддаи 130-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд».
Нархи духтари тоҷик то 50 ҳазор доллар
Маҳбуба Шарипова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Марям», ки таи чанд соли ахир барои пешгирии фурӯши инсон миёни омма омӯзиш мегузаронад, гуфт, дар бештари мавридҳо духтарони тоҷикро бо роҳи фиреб, яъне ваъдаи кори хуб ба Дубай мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, духтарони тоҷик аслан бо самти Қазоқистон ва Русия ба Дубай бурда мешаванд. Тибқи як пажӯҳиш ба қавли ӯ духтари тоҷик дар бозори фаҳши Дубай хариди хуб дошта, то 50 ҳазор долари амрикоӣ нарх дорад.
Мақомот мегӯянд, ҳодисаи ба фаҳш ҷалб кардани Гулҷаҳон дар Дубай давоми 18 соли ахир аввалин ҳодисаест, ки дар ҷануби Тоҷикистон сабт мешавад. Аммо Гулҷаҳон мегӯяд, дар казиноҳои Дубай беш аз 50 духтари тоҷику узбакро вохӯрдааст, ки худро сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла 3 нафари онҳо худро сокини минтақаи Кӯлоб муаррифӣ кардааст.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, далелҳои Гулҷаҳонро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри баргардонидани дигар духтарони тоҷик аз Дубай талош доранд.