Инфиҷор дар Митровитсаи Косово як нафарро кушт

Инфиҷоре дар зимни баргузории тазоҳуроти сербҳо дар шаҳри Митровитсаи Косово, як нафарро кушта, 11 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Таркиш дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ҳудуди 1000 серб алайҳи ифтитоҳи дафтари як ниҳоди ҳукумати Косово дар минтақаи сербнишини Митровитса тазоҳурот мекарданд. Ба эътиқоди пулиси Косово, ба сӯи тазоҳургарон норинҷак партоб шудааст. Сербистон ва сербҳои муқими Косово мухолифи истиқлолияти Косовои сербнишин ҳастанд, ки соли 2008 худро кишвари мустақил эълом кард.