Обама таҳримҳои нави зидди Эронро имзо кард

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, қонуни таҳримҳои нав ва шадидтари зидди Эронро дар пайванд бо барномаи ҳастаии Теҳрон ба имзо расонд. Дар расми имзои ин санад дар Кохи сафед, Обама гуфт, тадобири нав зарфиятҳои Эронро дар таъмини молии барномааш суст мекунанд.

"Бо ин таҳримҳо, якҷо бо дигарон мо ба мағзи тавоноиҳои ҳукумати Эрон дар таъмини молии барномаи ҳастаияш зарба мезанем. Мо ба ҳукумати Эрон нишон медиҳем, ки аъмоли он пайомадҳое дорад ва агар он пойфишорӣ мекунад, фишор то рафт бештар ва муҳосира тангтар хоҳад шуд."


Ҳарду палатаи порлумони Иёлоти Муттаҳида тарҳи мазкурро ҳафтаи гузашта ба тасвиб расонда буданд. Ин тарҳ ба дунболи бастаи чаҳоруми таҳримҳои Шӯрои Амният зидди Эрон ба вуҷуд омадааст.