Раъйгирии Олмон ба даври саввум кашид

Даври дуввуми раъйгирӣ барои интихоби раиси ҷумҳури Олмон низ бенатиҷа анҷом ёфт, зеро ҳеҷ яке аз номзадҳо ба ин мақом раъйи аксарияти куллро ба даст наовард. Ба тарафдории Кристиан Вулф, номзади пешниҳоди аз тарафи ҳукумати эътилофӣ ба раҳбарии Ангела Меркел, садри аъзами Олмон аз миёни 1244 вакили порлумон ва намояндаҳои вилоятҳои Олмон танҳо 600 нафар раъй додаанд. Йоахим Гаук, номзади аҳзоби мухолифи Сотсиал Демократ ва Сабзҳост, дар 499 раъйро ба даст овард дар даври дуввум 9 раъйи камтарро соҳиб шуд. Лукрезиа Йохимсен номзади ҳизби чапгаори Де Линке дар даври аввал 126 ва дар даври дуввум 123 оро ба даст овард. Дар даври саввум ва ниҳоӣ кофист, ки як номзад назар ба рақибонаш орои бештар ба даст орад. Ҳёрст Келлер раиси ҷумҳури пешини Олмон моҳе пеш аз мақомаш истеъфо дод. Мақоми раиси ҷумҳур дар Олмон як мақоми ифтихорӣ аст.