Мақомоти расмӣ мегӯянд, Роза Отунбоева, раҳбари муваққати Қирғизистон рӯзи шанбе 3 июл ба ҳайси раиси ҷумҳур савганди расмӣ адо хоҳад кард. Ба гуфтаи мақомот, расми адои савганд, баъди эъломи натиҷаҳои ниҳоии раъйпурсӣ аз тарафи Кумиссиёни марказии интихобот баргузор хоҳад шуд. Дар раъйпурсии рӯзи 27 июн мардуми Қирғизистон ба тарафдории ислоҳи Қонуни Асосӣ раъй доданд, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро дар ин кишвар коҳиш дода ва дар он низоми порлумонӣ таъсис хоҳад дод. Ҳамчунин роҳ барои интихоботи порлумонӣ боз мешавад, ки қарор аст, рӯзи 10 октябр баргузор шавад ва ҳукумати доимиро таъсис диҳад. Давлати муваққати Қирғизистон баъди шӯридани мардум алайҳи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон сари қудрат омад.