Толибони мазнун дар ба як пойгоҳи НАТО дар шарқи Афғонистон ҳамла карда ва бо нерӯҳои ин созмон вориди даргирӣ шудаанд. Ян Бакстер, сухангӯи Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон гуфт, гурӯҳи ҷангҷӯён ба пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии шаҳри Ҷалолободи ҳаммарз бо Покистон ҳамла карда, вале натавонистаанд ба он ворид шаванд. Дасти кам як бомбгузори интиҳорӣ худро дар назди дарвозаи пойгоҳ мунфаҷир кардааст. Нерӯҳои афғон ва хориҷӣ ва умдатан амрикоиҳо дар ин пойгоҳ ба ҷангҷӯён муқовимат кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки шаш бомбгузори Толиб ба пойгоҳи мустаҳкам ҳамла кардаанд ва дар натиҷа даҳҳо сарбозони афғон ва хориҷӣ кушта шудаанд, аммо омори Толибон доир ба талафот қобили эътимод нест.