Бино ба иттилои хабаргузории "Авеста", 2-юми июли соли ҷорӣ намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсози мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе роҳҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар кори ин шӯро намояндагони Тоҷикистону Русия, Қирғизистону Қазоқистон Арманистону Беларус ва Узбакистон ширкат хоҳанд кард. Ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсоз зери раҳбарии Русия баргузор мешавад.