Шумораи мӯътодони маводи мухаддир дар Русия ба дуву ним миллион нафар расидааст. Тайи бист соли ахир теъдоди ин афрод дар кишвар 20 баробар афзоиш ёфтааст. 90 дар сади мӯътодон ҳероин истеъмол мекунанд. Ба иттилоъи бахши русии Радиои Озодӣ, ин арқомро раиси Хадамоти федеролии назорат аз болои гардиши маводи мухадири Русия Виктор Иванов дар як сӯҳбати “мизи гирд” дар Маскав овардааст.