Тоҷикистон фардо 27 июн 13-умин солгарди рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунад. Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни ҳукумат ва нерӯҳои собиқи мухолифин ба имзо расид ва ба ҷанги хунини харобиовари беш аз 5-сола дар Тоҷикистон хотима дод. Он ҷанг ҷони бештар аз 50 ҳазор нафарро гирифт ва иқтисоди Тоҷикистонро даҳсолаҳо ба ақиб андохт. Таҷлили расмии ҷашни ваҳдат имсол дар Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.