Дастури кори ҳамоиши раҳбарони Ҷи 8 ва Ҷи 20

Раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ имрӯз барои гуфтӯгу дар мавриди масоили иқтисодӣ дар Канада ҷамъ меоянд. Раҳбарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон мавсум ба Гурӯҳи 8 дар осоишгоҳи Ҳаствилл дар шаҳри Онтарио воқеъ дар 200 километрии шимоли Торонто имрӯз мулоқот мекунанд ва сипас дар ин шаҳр ба мақомоти расмии Гурӯҳи 20 мепайванданд, гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли рушд мепайванданд, ки ҳамоиши якҷояи онҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор хоҳад шуд. Эҳёи иқтисод ва рушди ҷаҳонӣ баҳси аслии ин ҳамоишҳо аст. Ангела Меркел садри аъзами Олмон дар остонаи ин нишаст гуфт: "Мо барои нишастҳои Гурӯҳи Ҷи 8 ва Гурӯҳи Ҷи 20 омода мешавем, то бо мавқеъи воҳиди аврупоӣ аз ҷумла дар мавриди ситонидани боҷи бонкӣ ва молиёт аз бозорҳои молӣ ба онҷо биравем. Масалан Олмон ва Фаронса тарафдори ситонидани ҷуброн аз онҳое ҳастанд, ки омили бӯҳрон шуданд." Ҳукумати Амрико аз ин давлатҳо хостааст, то аз барномаҳои кӯмакӣ барои такон додани рушди иқтисодӣ даст накашанд. Бисёре аз кишварҳои Аврупо мегӯянд, барои коҳиши хароҷоти давлатӣ, бояд молиёт ва имтиёзҳоро коҳиш диҳанд.