Бо гузашти 13 сол аз замони хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи сулҳ, ҳамоно осори он солҳои мудҳиш дар ҳаёти бисёре аз занони вилояти Хатлон эҳсос мешавад ва онҳо мегӯянд, то ҳанӯз аз даҳшати ҷанг ба худ наомадаанд.
(Ба муносибати 13 -умин солрӯзи Сулҳи Тоҷикистон)
Сулико Салимова, сокини тақрибан 50-солае аз ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, мегӯяд, дар авоили соли 1993 ӯ бо чанде аз пайвандонаш ба хотири ҷон ба саломат бурдан, аз деҳаи Туркманистони ноҳияи Вахш ба ноҳияи Қумсангир фирор карда, намедонист, ки баъд аз он аз ҳамсар ва хонаву дараш якумра маҳрум мешавад:
«Сӯзу гудозе, ки дар ҷанг ҳама хешу табора аз даст додем, аз куҷо аз ёд меравад?! Аз як хонаи мо 5 нафарро куштанд; шавҳарам, ки бо вай 18 соли зиндагии хушеро паси сар кардам, ду бародари ӯ в аду писари амакашро куштанд, бе сабаб. Баъда аз он ҳодисаҳо ду сол истодаму дубора шавҳар кардам, аммо он ҳама дарду доғ, бахти аввал, хонаву дари ободро дигар дарнаёфтам. Мо фарзанд доштем, аммо хушбахт будем. Гуноҳ надоштем, бо кӯлобиҳои ҳамсоя мисли акаву додар зиндагӣ мекардем. Лекин вақте ҳама хеста фирорӣ шуданд, мо ҳам тарсидем, ҳама хонаву дарро партофта, бо либоси танамон фирорӣ шудем ба Қумсангир. Баъди чанде бозгашт кардем, ки ҳам хӯҷаинамро куштаанду ҳам хонаву дарамонро сӯхтаанд. Ҳамсарам бо бародаронаш нагурехтанд вақти ҷанг. Мегуфтанд, ки мо тарафдорӣ аз ҳеҷ як гурӯҳ намекунем, шаҳрвандони мулкӣ ҳастем, осоиштагӣ мехоҳем, ба касе кор надорем. Лекин аввал ҳаминҳоро омада бор карда бурда куштаанд. Ҷасадашонро баъди чанде аз канали Чапаев ёфтем. Баъзеҳо мегӯянд, ки одамони Сангак куштаанд, баъзеҳо мегӯянд, ки узбакҳо. Намедонам, қотилонро то ҳанӯз наёфтаанд. Бигзор ҳам дигар наёбанд, то дардҳои кӯҳна дубора эҳё нашавад…»
Хотираҳои нохуши замони ҷанг
Сулико мегӯяд, вай қодир аст, ки қотилони ҳамсари марҳумашро бубахшад, аммо доғи ҷудоиву саргардониҳои ҷанг дар замираш боқӣ монда. Сулико то ҳанӯз наметавонад ба зодгоҳаш – деҳаи Туркманистони ноҳияи Вахш баргардад, чун хотираҳои нохуши замони ҷанг ӯро ором намегузорад. Вай ҳамакнун дар ноҳияи Қумсангир ба сар бурда, машғули соҳибкории хурд аст:
«Вақте буд, ки мо дар хона мешиштем, фақат кори давлат мекардем. Ҳоло то бегоҳ дар бозор мешинем, ягон маргу мурда мешавад, расида наметавонем. Пул нест, аз тарафи ООН кредит мегирем, бо фоизи баланд. Зиндагӣ бисёр вазнин аст, пеш вақт ин зиндагии вазнин дар сари мо набуд…»
Қиссаи "юрчик"-у "вовчик"-ҳо
Ба гуфтаи хонум Сулико, ҳоло муносиботи миёни кӯлобиҳову ғармиҳо, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ онҳо «юрчик»-у «вовчик» ном бурда мешуданд, дар ноҳияи Қумсангир беҳтар шудааст, онҳо ба ҷашну маросимҳои ҳамдигар даъват мешаванд ва бо ҳам додугирифт ҳам доштаанд. Аммо хонум Сулико мегӯяд, аҳён-аҳён хотираҳои ҷанг ҳам боло мегиранд, яъне:
«Ҳамин ҳамсояамон, ки аз Кӯлоб омадаанд, чанд рӯз пеш сементҳои пеши ҳавлиамонро вайрон карданд, сари қаҳр «занакҷанг» кардем, гуфтам, ки чаро то ҳанӯз намегузоред, ки ором зиндагӣ кунем? Шавҳарамро куштанд, хонаву дарамонро хароб карданд? Монед, ором зингаӣ кунем! Ҳамин хел гапу корҳо то ҳоло дар байни занҳо, вақте ҷанҷол мекунанд, баъзан мушоҳида мешавад. Лекин ҳоло хеле муносибатҳо хуб шудааст. Аввал таъназаниҳо буд, дар маъракаҳо занони кӯлобиву ғармӣ алоҳида менишастанд. Ҳоло додугирифт ҳам, қудо мешавем, зиддиятҳо аз байн рафта истодаанд. Аммо ба ҳар ҳол ҳамон ёдҳо, дилозориҳо, ёди рӯзгори обод аз байн намераванд…»
Эҳсоси тарс ва хатар боқист
Ва аммо Гулрухсор Сафарова, сокини ноҳияи Қумсангир, ки дар соли 1994 аз шаҳри Кӯлоб ҳамроҳ бо ҳамсари низомиаш ба ин ноҳия омадааст, мегӯяд, нахуст ҷомеаи маҳаллӣ онҳоро хуш напазируфтааст. Вай мегӯяд, азбаски аҳолии маҳаллӣ бештар аз мардуми водии Қаротегин иборат буд, дар чашми сокинони маҳаллӣ эҳсоси тарс аз амнияти шахсӣ мушоҳида мешуд: «Фикри ман ин буд, ки ҳама ҷанҷолӣ ҳастанду хашмин. Метарсиданд аввалҳо, нофаҳмиҳо зиёд буд байни якдигар…»
Хонум Гулрухсор меафзояд, аввалин нишонаҳои оғози ҷанги шаҳрвандиро вай дар шаҳри Кӯлоб, замоне ки донишҷӯи донишгоҳ буд, ба чашми сар дида буд: «Ҳамин мурдаҳоро меоварданд аз Душанбе, бонг зада мешуд, мефаромадем аз донишгоҳ, ба чашми худ медидем, ки ҷавонону духтарони кушташуда, нафратам меомад нисбат ба ин ҳама бедодиҳо. Лекин, шукри Худо, ҳоло ин ҳама ба моли таърих табдил шудааст…»
Роҳи муросо
Гулрухсор Сафарова феълан дар ҳукумати ноҳияи Қумсангир ба ҳайси масъули бахши занон ва оила кор мекунад. Вай мегӯяд, барои ҳарчи наздиктар шудани аҳолии гуногунмаҳалли ноҳия талош мекунад оилаҳои, ба истилоҳ, «омехта» бунёд шаванд:
«Аввалҳо оила барпо кардан байни хонаводаҳои қаротегиниву кӯлобӣ ба тасаввур намеғунҷид, бисёр кам чунин мешуд, ки онҳо ба хостгории ҳамдигар бираванд. Аммо дар 2-3 соли ахир ин вазъ тағйир ёфтааст, ҷавонон дигар ба мансубияти маҳаллӣ кам таваҷҷӯҳ мекунанд, бештар ҳамдилӣ меҷӯянд. Солҳои ахир шумораи оилаҳои ба истилоҳ қаротегиниву кӯлобӣ афзудааст, ки бисёр хушоянд мебошад…»
Ҳамин гуна, бонувони раштиву кӯлобии ноҳияи Қумсангир мегӯянд, баъди созишу ҳамоиш бо ҳам ва бахшиши гунаҳҳо, зиндагии нав оғоз кардаанд. Феълан бисёре аз занони ҷабрдида дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ машғули кору тиҷорат дар Қумсангир буда, дар таъмини оилаҳои худ ҳам масъул мебошанд.