Австралия соҳиби аввалин сарвазири зан дар таърихи ин кишвар шуд. Ҳизби ҳокими Коргар Кевин Рудро ба истеъфо фиристод ва муовини ӯ, хонум Ҷулия Ҷилларро раҳбари хеш интихоб кард. Руд пас аз чанд тағйир дар сиёсаташ, аз ҷумла барои қатъи барномаи муҷозоти ширкатҳое, ки дар олудагии ҳаво ва пахши бухорҳои гулхонаӣ масъуланд, ба танқидҳои шадид рӯбарӯ гашт.