Ҳалокати боз ду сарбози НАТО дар Афғонистон

Аз Афғонистон дар бораи ҳалокати ду низомии НАТО ва як мансабдори маҳаллӣ хабар расид. Муҳбобуллоҳ Сайидӣ, сухангӯи волии Қундуз гуфт, ки раиси бахши ҳифзи сиҳати вилоят бар асари таркиши бомб дар бемористони хусусияш ба ҳалокат расидааст. Ба иттилоъи НАТО, бар асари ҳамлаҳо дар ҷануби Афғонистон, дар ду рӯзи ахир ду сарбози нерӯҳои байнулмилалӣ кушта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе дар Афғонистон нӯҳ сарбози нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО ба ҳалокат расида буданд.