Дирӯз дар Афғонистон нӯҳ сарбози нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО ба ҳалокат расиданд. Чаҳор нафари онҳо бар асари суқути чархбол дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, ҷон бохтанд. Се нафари онҳо - сарбозони нерӯҳои зудамали Австралия буданд. Дар ин ҳодиса се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилоъи НАТО, чархбол мавриди ҳамлаи ошӯбгарон қарор нагирифтааст. Тафтиши сабабҳои ҳодиса шурӯъ шуд.
Ҳамчунин бар асари инфиҷору тирпарронӣ дар ҷануби Афғонистон се низомии дигари НАТО кушта шуданд. Дар шарқи кишвар бошад, ду сарбоз бар асари таркиши мина ба ҳалокат расиданд. Соли равон дар Афғонистон дар маҷмӯъ беш аз 280 афсару сарбози нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ ҷон бохтаанд. 60 нафари онҳо фақат моҳи равон кушта шуданд.