Давлати Эрон эълом кард, ки Абдулмалик Ригӣ, раҳбари гурӯҳи шӯришии суннимазҳаби Ҷундуллоҳро, ба дор кашиданд. Хабаргузории расмии “ИРНА” мегӯяд, ҳукми эъдоми Абдулмалик Ригӣ дар зиндони Эвини Теҳрон иҷро шуд. Ӯро ба ғоратгарии мусаллаҳона, ҳамла ба нерӯҳои амниятӣ, мардуми осоишта, қатл ва дигар ҷиноёт гунаҳкор донистаанд. Гурӯҳи Ҷундуллоҳ ба раҳбарии Абдулмалик Ригӣ чанд ҳамлаи маргбор ба нерӯҳои амниятӣ дар вилояти Систону Балуҷистон воқеъ дар марзи Эрон бо Покистонро бар ӯҳда гирифта буд. Ӯро моҳи феврали ҳамин сол ҳангоми парвозаш аз Дубай ба Қирғизистон аз дохили ҳавопаймои ширкати қирғизӣ боздошт карданд.