Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз аз давлати муваққати Қирғизистон хост, шароитро барои бозгашти амни садҳо ҳазор паноҳандае фароҳам кунад, ки ба асари низоъҳои қавмӣ овора шуданд. Баъди мулоқоташ бо Роза Отунбоева, раҳбари давлати муваққат дар Бишкек, Роберт Блейк гуфт: "Аъзои давлати муваққат ба ман итминон доданд, азм доранд, то ангезаҳои хушунатҳои ахир дар ҷануби Қирғизистонро таҳқиқ кунанд. Чунин таҳқиқ бояд бо таҳқиқи байналмилалӣ аз тарафи ниҳоди мӯътабари байналмилалӣ такмил шавад."
Роберт Блейк, афзуд Амрико барои оворагон ва ба эътидол овардани вазъ дар ҷануби Қирғизистон 32 миллион доллар кӯмак хоҳад кард.