Ҳалокати 13 ифротгаро дар Покистон

Як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико имрӯз бо партоби ду мушак ба вилояти Вазиристони Ҷанубии Покистон, дасти кам 13 ифротгарои мазнунро кушт. Бино ба гузоришҳо, ҳамла ба тундравон дар рустои Сухел воқеъ дар 25 километрии шаҳри Мироншоҳ, шаҳри аслии минтақа сурат гирифтааст. Баъди он ки як бомбгузори маргталаби ӯрдӯнӣ, дар пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар вилояти Хӯсти Афғонистон шаш маъмури Хадамоти Истихборотии Амрико, ва ё Си Ай Эйро кушт, Иёлоти Муттаҳида, партоби мушак ба манотиқи шимолуғарбии Покистонро афзоиш дод.