Туркия ҳамлаи низомӣ ба ҲКК-ро густариш медиҳад

Мақомоти Туркия изҳор намуданд, ки аз моҳи март ба ин сӯ бар асари амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоихоҳон аз Ҳизби коргаронии Курдистон (ҲКК) беш аз сад афроди мусаллаҳ кушта шудаанд. Тибқи хабарҳо, ин амалиёт ҳам дар қаламрави Туркия ва ҳам дар шимоли Ироқ сурат гирифтааст.
Амалиёти низомӣ алайҳи ҷудоихоҳон аз ҲККбаъд аз як ҳамлаи номуваффақи онҳо ба низомиёни турк дар марзи Ироқ дар охири моҳи май густардатар шуд. Дар ҳамлаҳои ҷавобӣ фақат дар ҳамин ҳафта 20 тан аз мусаллаҳони курд кушта шуданд. Бар асари талошҳои мусаллаҳонаи курдҳо барои таъсиси давлати мустақили Курдистон дар ҷанубу шарқи Туркия дар 35 соли ахир тақрибан 45 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.