Эътирози фаъолони қазоқ бар зидди қонуни "Пешвои миллат"

Фаъолони ҳуқуқи башари Қазоқистон бар зидди қонуни наве, ки ахиран дар ин кишвар ба тасвиб расид, эътироз карданд. Тибқи ин қонун Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар "Пешвои миллат" эълон ва аз имтиёзҳои бемаҳдуд ва ҳимояти ҳамаҷониба бархӯрдор мешавад. Сергей Дуванов ва Андрей Свиридов-ду рӯзноманигори мустақил дар хиёбони марказии Алмаато навиштае дар даст доштанд ва рӯи он чунин навишта шуда буд: "Қонун дар бораи пешвои миллат шарми миллат аст". Пулис ба ин тазоҳурот дахолат накард, вале баъз аз хатми тазоҳурот ин ду рӯзноманигорро ба дафтари худ эҳзор кард ва онҳоро барои тазоҳуроти ғайримуҷоз 480 долларӣ ҷарима баст. Қонун дар бораи "Пешвои миллат" рӯзи сешанбе дар матбуоти кишвар ба чоп расид.