Мақомоти Қазоқистон вуруди поноҳҷӯёни узбаки Қирғизистонро ба хоки кишвари худ мамнуъ эълон кардаанд. Чолпонбек Турусбеков-муовини раиси Хадамоти Марзбонии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ин ки дар имтидоди марзи миёни Қирғизистону Қазоқистон посгоҳҳои иловагӣ боз шудааст, ба узбактаборони Қирғизистон иҷоза дода намешавад, ки ба хоки Қазоқистон ворид шаванд. То ҳол рӯшан нест, ки кай мамнуъияти шиносномаи узбактаборони Қирғизистон эътибор пайдо кардааст. Рӯзи душанбе Владимир Божко-вазири умури изтирории Қазоқистон гуфт, кишвараш омода аст, паноҳҷӯёнро аз ҷануби Қирғизистон бипазирад.