Аз Суғд ба вилояти Ботканд 180 тон кӯмак ворид шуд

Дафтари матбуотии вилояти Бодканди Қирғизистон хабар додааст, ки аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба вилояти Бодканд кӯмакҳои башардӯстона расонда шудааст. 16-ӯми июн дар 18 мошини КАмАЗ 180 тон орд равған, маска картошка, биринҷ ва маводи сӯхт ба вилояти Ботканд ворид шудааст.