Ҳушдори Эрон ба Ӯзбакистон дар мавриди қаторҳо

Бино ба гузоришҳо, ширкати роҳи оҳани Эрон аз давлати Ӯзбакистон хостааст, ба вагонҳои Тоҷикистон иҷозаи убури бемамониат диҳад, дар акси ҳол транзити қаторҳои Узбакистон аз тариқи қаламрави Эрон маҳдуд хоҳад шуд. Бахши форсии Радиои Би Би Си аз қавли Беҳрӯз Баландӣ, як масъули ширкати роҳи оҳани Эрон навиштааст, ки номае бо чунин дархост ба Ӯзбакистон фиристода шудааст. Дар номаи дигаре ҳамчунин аз мақомоти Туркманистон хостаанд, то аз 10 июн қаторҳои озими Эрон аз Ӯзбакистонро напазиранд. Рӯзона аз қаламрави Эрон 150 қатори Ӯзбакистон убур мекардааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, Ӯзбакистон намегузорад, то бештар аз 2500 қатори Тоҷикистон ба кишвар ворид шавад дар миёни ин қаторҳо, молу коло ва қаторҳои тоҷирони эронӣ ҳам зиёд будааст.