Геннадий Онишенко, сарпизишки беҳдоштии Русия ва раиси "Роспотребнадзор", эълон кардааст, ки дастури манъи вуруди меваи хушки Тоҷикистон ба Русияро лағв ва дар ин маврид ба ниҳодҳои марбута нома фиристодааст.
Ба ин тариб, сар аз рӯзи панҷшанбе маҳдудияти ворид кандани меваи хушки Тоҷикистон ба Русия лағв мешавад ва содироти мева ба Русия метавонад бидуни монеа сурат бигирад.
Русия аз як моҳи пеш ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз эҳтимоли густариши бемории фалаҷи атфол ба Русия, воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба қаламравашро манъ карда буд.
Ва чанд рӯзи пеш 15 вагони ҳомили меваи хушк аз Русия ба вилояти Суғди Тоҷикистон бозпас гардонида шуд. Қабл аз он ҳам Русия 450 тона меваи хушки Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба бозорҳояш надод ва бозгардонида буд.
Геннадий Онишенко акнун гуфтааст, манъи воридот ва фурӯши меваи хушки Тоҷикистон имкон додааст, ки аз густариши фалаҷи кӯдак дар Русия ҷилавгирӣ шавад.
Меваи хушки Тоҷикистон, ки дар марзҳои Русия аз воридоти он ҷилавгирӣ шудааст, фақат баъди коркарди дубора имкони вориди бозор шуданро хоҳад дошт.
Онишенко қаблан гуфта буд, ки бо муҷарради беҳбуди авзоъ дар амри мубориза бо густариши фалаҷи атфол имкони лағви маҳдудияти воридоти меваи хушки Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, акнун дар Тоҷикистон гирифторӣ ба фалаҷи коҳиш пайдо кардааст.
Ҳамчунин имкон дорад, ки лағви маҳдудият дар рафту омади кӯдакони тоҷик ба Русияро низ барарсӣ шавад.
Барои дарёфти иттилои бештар дар ин маврид ин пайвандҳоро нохун занед:
Русия меваи хушки Тоҷикистонро баргардонд
Ёддошти эътирозии Тоҷикистон ба Русия дар бораи меваи хушк
Меваҳои хушки Тоҷикистонро ба Русия роҳ намедиҳанд