Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меваҳои хушки Тоҷикистонро ба Русия роҳ намедиҳанд


Хадамоти санитарии Русия муваззаф шудааст, то аз дӯконҳои ин кишвар чормағз ва меваҳои хушки воридшуда аз Тоҷикистонро барчинад. Сабаб ҳам бурузи полиомелит дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Хабаргузориҳои русӣ менависанд, Геннадий Онишенко, раҳбари Хадамоти назорат аз болои маводи истеъмолии Русия, ба шӯъбаҳои ин ниҳод дар митақаҳои гуногуни он кишвар бо чунин мазмун нома навиштааст.

Бо бурузи маризии фалаҷи атфол дар баробари фурӯш, ҳамчунин ворид кардани меваҳои хушк ва чормағз аз Тоҷикистон ба Русия манъ шудааст. Ниҳодҳои масъули рус гуфтаанд, бо назардошти ҳамкориҳои зичи ду кишвар дар самти воридоти меваҳои хушк хатари ворид шудани маризӣ ба Русия вуҷуд дорад.

Дирӯз, 4-уми май, вазири беҳдошти Тоҷикистон расман хабар дод, ки 32 кӯдак дар Тоҷикистон ба полиомелит мубтало шуда, як нафар аз ин маризӣ ҳалок шудааст. Нусратулло Салимов, вазири беҳдошти Тоҷикистон, гуфт, шумори атфоле, ки дар онҳо нишонаҳои маризии фалаҷ дида мешавад, вале ибтилояшон таъйид нашудааст, 206 нафар мебошад.

Қаблан, хабар дода мешуд, ки 12 нафар аз полиомелит дар Тоҷикистон даргузаштаанд ва бештар аз 170 нафари дигари гирифтори он мебошад.

Сар аз якуми май дар саросари Тоҷикистон эмгузаронии атфоли то 6-сола шурӯъ шудааст ва қарор аст, бештар аз як миллион кӯдак дар саросари кишвар то аввали моҳи июн се борӣ эм карда шаванд. То имрӯз, бино бар ҳарфи Вазорати беҳдошти кишвар, аз се ду ҳиссаи кӯдакони то 6-сола дар саросари кишвар аз даври якуми эмгузаронӣ гузаштаанд.

Табибон мегӯянд, эмкунӣ ин роҳи ягонаи ҷилавгирӣ аз вируси хатарноки полеомелит – фалаҷи кӯдакона аст. Ба гуфтаи пизишкон, полиомелит, ки аксаран чун фалаҷи кӯдакона ёд мешавад, барои афроди то 30-сола низ хатар дорад, бахусус ба онҳое, ки эм нашудаанд ва бинобар паст будани масъунияти баданашон тавони мубориза бо ин вирусро надорад.

Полиомелит ё фалаҷ, чун дигар бемориҳои сироятии рӯда шадид оғоз ёфта, баландшавии ҳарорати бадан, беҳолӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва беҳаракатии дасту пой аз нишонаҳои аввали сироятёбӣ ба он аст. Ин беморӣ аз чанд марҳила иборат аст. Марҳилаи аввал, ки дар бархе ҳолатҳо то 40 рӯз идома мекунад, марҳилаи ниҳоӣ аст, ки аломатҳои беморӣ мушаххас намешавад ва боиси хуруҷи беморӣ шуда, ба фалаҷшавии дасту пойи кӯдак ё ба аз пой афтонидани ӯ мерасад.

Беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз ин ва дигар бемориҳои сироятӣ миёни кӯдакон ин риояи қоидаҳои беҳдорӣ номида мешавад.
XS
SM
MD
LG