Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, резиши нафт ба обҳои Халиҷи Мексика ҳушдоре аз он аст, ки рӯзҳои бо осонӣ ба даст овардани нафт ба поёни худ наздик мешавад. Обама дар паёми телевизионии худ гуфт, фоҷеаи резиши нафт ба обҳои халиҷ бояд Конгрессро таҳрик кунад, ки дар бораи ояндаи "энержии соф" чорае биҷӯяд , то он пойбандӣ аз нафт ва соири захоири сӯзандаро камтар созад. Обама гуфт, вай ба мақомоти раҳбарии Бритиш Петролиум хоҳад гуфт, ки ин ширкат бояд сандуқе ташкил ва ба коргарон ҷуброн пардохт кунад ва зарари тоҷирону соҳибкорон аз резиши нафт ба обро низ бипардозад.