Боқиев мегӯяд, дар нооромиҳои қавмӣ даст надорад

Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон ҳар гуна дахолат дар нооромиҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистонро рад кард. Вай афзуд, гузоришҳо дар бораи даст доштани вай дар ин нооромиҳо "дурӯғи шармовар" аст ва ҳукумати муваққатӣ нотавонии худро дар таъмини вазъ бо чунин изҳорот тавҷеҳ мекунад. Ҳоло Боқиев дар Мински Беларус ба сар мебарад.