Машқҳои густардаи зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо ҷалби беш аз 400 сарбоз аз Русияву Беларусу Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи “Кадамовский”-и вилояти Ростови Русия баргузор шудааст. Ин нирӯҳо шеваҳои муқобила бо як гурӯҳи шартии террористиро, ки ба қаламрави яке аз кишварҳои узви паймон ҳамла овардааст, тамрин карданд. Дар ин машқҳои густарда аз мошинҳои зиреҳпӯшу ҳавопаймоҳову чархболҳо ва ҳамчунин аз як паралёт ва воҳидҳои вижаи чатрбоз(десант) низ истифода шудааст.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ тайи моҳҳои охир таҷрубаи баргузории машқҳои низомиашро густариш дода, имсол алакай дар Қазоқистону Тоҷикистон ва инак дар ҷануби Русия машқҳои муштараки зиддитеррористӣ барпо кард.