Сокинони Бадахшон муътақиданд, ки созҳои мардумии рубоби помирӣ ва даф «аз биҳишт омадааст» ва «ба хона хайру баракат ва шодиву нишот меорад». Аз ин рӯ дар сутуни қариб ҳар як хонаводаи бадахшонӣ яке аз ин асбобҳо овезон аст.
Ба гуфтаи Соҳибназар Назришоевҳо, устои деҳаи Ҷизев, вай намудҳои гуногуни созҳои мардумиро метарошанд, аммо рубоб барояшон азизтарин ва муқаддастарин сози мардуми боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Соҳибназар, рубоби помирӣ аз чӯби зардолу ва ё тут сохта шуда, аз рудаи барра барояш торҳо ҷур мешавад ва аз пусти кура ва ё ҷавона ба сараки он пӯст кашида мешавад.
Ҳамнавои ғазалҳои орифона
Овозхон Назахон Туфалонов, сокини ин деҳа, рубобро беҳтарин асбоб барои хонандани ғазалиёти пуршури орифона мешуморад. Ба гуфтаи вай, овози маҳин ва ширини рубоб бо маъонии шеър ва садои хонанда ҷур шуда, шунавандаро беихтиёр ба олами бехудӣ мебарад ва дар айни авҷ бархе аз шунавандаҳо «маст» шуда, даступокӯбон бидуни ихтиёр ба рақси самоъ мепардозанд. Вай ба торҳо нохун мезанад ва пореро аз ғазалиёти Мавлоно месарояд:
Хоҷа дарёб, ки ҷон дар тани инсон адаб аст,
Хоҷа анвори дилу дидаи мардон адаб аст.
Одам аз олами улвист, на сифли дарёб,
Равнақу гардиши ин гунбади гардон адаб аст.
Аммо ба гуфтаи Назархон, мутрибону созандагон нолаи рубоберо, ки устоҳои ҳақиқӣ ва чирадаст месозанд, зуд фарқ мекунад. Аз қадим роиҷ будааст, ки устои хуб ҳангоми тарошидани рубоб мекӯшид, зардолуро ба ҳангоми гул кардан бибурад. Ба эътиқоди устоҳо, мисле, ки зардолу дар ёди гулҳои бармаҳал хазошуддааш мегиряд, ҳамин таври нолаи рубоби аз чӯби он тарошида ҷигарро об ва дилро тасхир мекунад.
Аммо Соҳибназар мегӯяд, вай ба мисли устоҳои қадима қариб як моҳ чӯбро дар об мемонад ва сипас ба муддати зиёд онро даруни пору гур мекунад ва аз чунин чӯби дар сардиҳо ва гарми обутоб ёфта ва мустаҳкам рубоб метарошад.
Нахустин ва охирин садо
Дар Бадахшон тифлро ҳангоми ба дунё омадан бо овози рубоб ва баргузории маросими шоди пешвоз мегиранд ва дар бархе аз маҳалҳо ҳануз ин расм боқист, ки ҳангоми аз дунё рафтани шахс низ бо овози рубоб вайро ба роҳи охират гусел мекунанд. Зеро дар тасаввури мардум фақат руҳ абади буда, ҷон дар тан меҳмон аст ва ин амонатро бояд бо мусиқии созҳои мардумӣ, ки худ аз биҳишт омадаанд, боз ба олами бақо бояд гусел кард.
Ба гуфтаи Соҳибназар, устое, ки худ навозанда набошад, наметавонад рубоби хуб тарошад ва аз ин рӯ бештари устоҳо ромишгарони хуб низ ҳастанд.
Саёҳоне, ки ба деҳаи Ҷизев меоянд, аз устоҳо коса ва қошуқҳои чубин ва баъзан асбобҳои мусиқӣ харид мекунанд ва пас аз сайру гашт ба хона овозхонҳоро даъват мекунанд ва созу сурудҳои мардуми лаззат мебаранд.
Ба гуфтаи овозхон Назархон, ҳарчанд асбобҳои мусиқии ҳозиразамон алҳол дар деҳаашон низ зиёданд, аммо онҳо наметавонанд мавқеи рубобро, ки дар ҳар давру замон аниси маросимҳои шодӣ ва ғаму андуҳи мардуми кӯҳистон будааст, танг кунанд ва рубоб ба мисли ҳамеша сози маҳбуби мардуми боқӣ мемонад.