Парлумони Қазоқистон имрӯз Кодекси гумруки Иттиҳоди гумрукии Белорус, Русия ва Қазоқистонро тасвиб кард. Ин санад таҳияи пояҳои ҳуқуқии танзими гумрукӣ дар қаламрави Иттиҳод, аз ҷумла, аз байн бурдани назорати гумрукӣ ва муҳайё сохтани шароити баробари интиқоли молу коло барои ҳарсе кишварро дар назар дорад.
Қарор аст, ки Кодекси гумрук аз 1 июл мавриди истифода қарор бигирад. Ва аммо татбиқи ин санад бидуни ширкати Белорус шурӯъ хоҳад шуд. Мақомоти ин кишвар ҳамроҳ нашудан ба татбиқи кодекси гумрукиро бо ихтилофи назарашон бо Русия дар робита ба пардохти ҳаққи гумрукӣ барои содироту воридоти нафт ва маводи сӯхт марбут кардаанд.