Дар Истамбул 15 нафар аз инфиҷори бам маҷруҳ шуданд

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, мақомоти расмии Туркия гуфтаанд, дар Истамбул дар як ҳамла ба пулис дастикам 15 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва бештари онҳо кормандони пулис будаанд. Пулис гуфтааст, рӯшан нашудааст, ки дар паси ин ҳамлаи террористӣ чӣ нируҳое қарор доранд. Бам замоне мунфаҷир шудааст, ки як автобуси хурд кормандони пулисро ба кор мебурд ва субҳ дар соатҳои гиру бори нақлиёт аз наздикии як шифохона мегузашт. Ин ҳамла дар ҳоле анҷом гирифтааст, ки Истамбул мизбони мулоқоти раҳбарони минтақа мебошад.