Аҳмадинажод қарордоди ҳастаиро такрорнашаванда медонад

Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, қарордоди як моҳи пеш бо Бразилия ва Туркия дар бораи иваз кардани сӯхти ҳастаӣ имконест, ки "дигар такрор нахоҳад шуд". Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, Эрон ба музокироти ҳастаӣ розӣ нахоҳад шуд, агар Шӯрои Амният таҳримҳои нави зидди Эронро ба тасвиб расонад. Вай ин нуктаро дар як нишасти хабарӣ дар Туркия изҳор дошт. Аҳмадинажод дар Истамбуд дар мулоқоти раҳбарони минтақа ширкат дорад. Интизор меравад, ки ҳафтаи ҷорӣ Шӯрои Амнияти СММ бар зидди Эрон барои барномаҳои зидду нақизи ҳастаиаш таҳримҳои навро ба райдиҳӣ гузорад.