Маҳбубияти зиёди Владимир Янукович дар Украина

Як назархоҳӣ дар Украина нишон додааст, ки аксари мардум аз фаъолиятҳои Виктор Янукович, раиси ҷумҳури кишварашон қаноатманд будаанд. Пажӯҳишгоҳи масоили ҳукуматдорӣ дар шаҳри Киев мегӯяд, бар асоси назархоҳии анҷомдодааш, 65 дар сади мардум аз Виктор Янукович, ки моҳи феврал сари қудрат омад, ҳимоят мекунанд. Аммо ин тамоюл ба гуфтаи Володимир Фесенко, намояндаи пажӯҳишгоҳ, тамоюли муваққатист.