Исроил фаъолони ҳуқуқи башари пуштибони аз Фаластинро, ки мехостанд тавассути киштии ирландии Rachel Corrie муҳосираи дарёии навори Ғазза шикананд, истирдод мекунад. Тибқи хабарҳо, аксари афроде, ки дар киштӣ ҳузур доштанд, ба фурудгоҳи Тел-Авив интиқол дода шудаанд. Миёни фаъолони ҳуқуқи башар – барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел аз Ирландия Мейрид Корриган-Магуир ҳам ҳаст. Киштӣ бо кумаки башарӣ, аз ҷумла, дорувор, аз сӯи низомиёни исроилӣ забт ва ба бандари Ашдод оварда шуд ва айни ҳол тафтиши бор идома дорад. Гуфта мешавад, ки сарнишинҳои киштӣ ҳангоми ғасби киштӣ аз сӯи низомиёни исроилӣ муқовимат нишон надоданд.
Чанд рӯз пеш нахустин корвон бо кумаки башарӣ барои навори Ғазза мавриди ҳамла нерӯҳои баҳрии Исроил қарор гирифт ва дар задухӯрд 9 фаъоли ҳуқуқи башар, аз ҷумла, 8 шаҳрванди Туркия, кушта шуданд. Ин ҳамла аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳкум карда шуд ва боиси таниши лафзӣ миёни Исроил ва Туркия гардид.