Хабаргузории расмии “Ховар” мегӯяд, Сӯҳроб Камолов, яке аз кайҳоннавардони эҳтимолӣ, ки дар таҷрибаи парвоз ба Миррих ширкат мекунад, зодаи Тоҷикистон ва фарзанди ду ҷарроҳи тоҷик аст. Сӯҳроб Камолови 37 сола ҳамроҳ бо чаҳор нафари дигар тайи тақрибан ду сол дар фазои бастаи шабеҳ бо киштии кайҳонӣ мемонанд, то бубинанд, ки инсон чӣ гуна метавонад, сахтиҳои равонии парвози дарозмуддатро таҳаммул кунад. Ин озмоишро дар ҳошияи шаҳри Маскав донишмандони рус ва аврупоӣ анҷом медиҳанд. Ба навиштаи хабаргузории Ховар, Сӯҳроб Камолов дар Душанбе ба дунё омада ва мактабро низ дар ҳаминҷо хатм кардааст.