Исроил мегӯяд, агар киштии кӯмакҳои башарии озими Навори Ғазза ба бандаре дар ҷануби ин кишвар лангар наандозад, нерӯҳои Исроил ба зӯрӣ ин корро хоҳанд кард. Авитал Лейбовитз як мақоми низомии Исроил гуфт, қаиқҳои кишвараш роҳи киштии кӯмакии Рашл Корриро гирифтаанд ва ба онҳо паём додаанд, ки “агар шумо хати ҳаракати худро иваз накунед, сарбозони мо ба киштӣ ворид хоҳанд шуд ва мо омодаем барои дифоъ аз худ аз нерӯ кор бигирем. “ Исроил ба маллоҳони киштии 50 километр дуртар аз соҳили Навори Ғазза амр додааст, то он дар бандари Ашдоди Исроил лангар андозад. Соҳибони киштии хусусии кӯмакҳои башарӣ пештар гуфтаанд, ки зимни рӯ ба рӯ шудан бо нерӯҳои Исроил муқовимат нахоҳанд кард.