Латипов: коре аз дасти Кумитаи фавқулода наомад

Ҳабибулло Латипов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ дар Кӯлоб иқрор шуд, ки воқеан ниҳоди зертобеъи ӯ, дар лаҳзаҳои нахустини офат дар ин маҳал барои наҷоти мардум натавонист кореро анҷом бидиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ин кумита ҳеҷ техникаву таҷҳизот дар Кӯлоб надошт, ки барои наҷоти мардум истифода кунад. Дар Кӯлоб Кумита ҳолатҳои фавқулода танҳо як намоянда дорад, ки аз дасти ӯ барои кӯмаки мардум он лаҳза коре бар намеомад.

"Агар роҳбари давлат зарур донад, аз вазифа меравем"

Ба суоли рӯзноманигорон, ки дар ҳоле аз дасти ин кумита барои наҷоти мардум коре наомад, чаро раҳбараш истеъфо надод, Латипов гуфт: “Мо одамҳои ҳарбием ва аз тарафи роҳабрияти давлат ба вазифа таъин мегардем. Агар роҳбарияти давлат зарур донад, он гоҳ мо аз вазифа меравем”.

Ҷаноби Латипов инчунин гуфт, дар паи боронгариҳои зиёде дар ноҳияи Шӯрообод кӯли сунъие пайдо шуда ва ҳангоми кандани ин сарбанди сунъӣ чунин харобкориҳоро боқӣ гузоштааст.

Ӯ мегӯяд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ихтиёр чархбол надорад ва агар чархбол ҳам медошт, дар маҳалли офатзадаи Кӯлоб бинобар шароити ноқулай истифодаи он номумкин буд.

"Кӯли сунъӣ баҳона аст"

Аммо Рустами Набот, як рӯзноманигор ва сокини ноҳияи Шӯрообод иддаои Ҳабибулло Латипов дар мавриди кӯли сунъиро бепоя хонда, инро баҳонае барои худсафедкунии мақомот унвон кард.

Дар ин нишаст зикр шуд, ки барои соҳилбандии дарёчаи Тебалай, ки ба аҳолии шаҳри Кӯлоб зарари ҷиддӣ расонид, давоми ду соли ахир беш аз 5 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд. Ба қавли коршиносон маблағи барои соҳилбандӣ равона шуда, комилан истифода нашудааст ва имрӯз низ касе инро собит карда наметавонад.

Аммо Саидумрон Абдураҳмонов, муовини раиси ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар вилояти Хатлон гуфт, феълан комиссияи вижае ин масъаларо месанҷад ва дар сурати ҷой доштани камбудӣ дар нисбат ба ашхоси муҷрим парванда боз хоҳад шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иботар аз як нафар

Дар поёни нишаст дубора оқои Латипов таъкид кард, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода феълан иқтидори наҷоти фаврии сокинон дар чунин лаҳзаҳоро надорад.

Ӯ гуфт: “Дар ҳар ноҳия мо як нафари одам дорем ва бо ин қудрату тавоноӣ албатта мо аз иҷрои вазифа баромада наметавонем. Боз мегӯям, ки вазифаи наҷотдиҳӣ пеш аз ҳама вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳаст. Вазифаи мо ҳамоҳанг сохтани ин корҳо мебошад. Бояд донем, ки сардори ҳолатҳои фавқулодаи ҳар шаҳр раиси он шаҳр мебошад”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофифаи шаҳрвандӣ дар ин нишаст эълон дошт, ки дар паи офати табиӣ 7 -уми май дар Кӯлоб 12 нафар ҳалок ва як нафар нопадид шудааст. Ин дар ҳолест, ки сокинон ва шоҳидон шумораро ба маротиб бештар медонанд.

Роҳи Душанбе - Хоруғ дубора баст шуд

Ҳамчунин аз ноҳияи Шӯрообод хабар мерасад, ки пули рӯдхонаи Ниёб, ки роҳи Душанбе - Бадахшонро пайванд мекунад, дар давоми ду моҳи ахир барои саввум аст, ки хароб мешавад.

Мусофирон дар сӯҳбати телефонӣ изҳор доштанд, ки онҳо наздики 10 соат аст, интизоранд, аммо барои гузаронидани онҳо аз як тарафи дарёча ба тарафи дигар ҳеҷ нафаре ҳозир нашудааст.

Рамазон Неъматов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ изҳор дошт, ки онҳо феълан аз ин ҳодиса огаҳ шудаанд ва ба идораи роҳсозии ноҳияи Шӯрообод супориш додаанд, то ба наҷоти мардум бишитобад.