Байден: Исроил ҳаққи тафтиши бори киштиҳоро дорад

Маъмурияти Кохи Сафед мехоҳад Исроилро ба зарурати қабули стратегияи алтернативӣ оид ба мушкили муҳосираи навори Ғазза мӯътақоид созад. Дар ин бора имрӯз нашрияи The New York Times хабар дод. Дар ҳамин ҳол Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури ИМА, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии PBS изҳор намуд, ки Исроил ҳаққи боздошти киштиҳои равона сӯи навори Ғазза ва тафтиши бори онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳ ба ин минтақаро дорад.