Тими Лужков Жириновскийро ба додгоҳ кашонд

Додгоҳи минтақаи Савёловои шаҳри Маскав имрӯз ба муҳокимаи шикояти шаҳрдории пойтахти Русия алайҳи раҳбари ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский оғоз мекунад. Жириновский рӯзи 20 апрел дар иҷлосияи Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия гуфт, бояд тамоми шаҳрдории Маскав, бо шумули шаҳрдораш Юрий Лужковро аз мақом барканор кард, то Маскав аз фасод пок шавад.
Аммо ҳамаи 24 узви шаҳрдорӣ ба додгоҳ шикоят бурда, ҳар кадом аз Жириновский барои паст задани обрӯи худ 500 000 рубл, муодили 17 000 доллар ҷуброн талаб мекунанд.