Александр Бортников-раиси ФСБ ё Хадамоти федеролии амниятии Русия имрӯз гуфт, ки террористҳо талош доранд дар кишварҳои Шӯравии собиқ ба маводи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Бортников дар бораи намунаи талоше ё гурӯҳе тавзеҳот надодааст. Вай ин суханонро дар поёни ҳамоиши раҳбарони хадамоти амниятии кишварҳои мустақили ҳамсуд дар Екатеринбурги Русия изҳор дошт. Вай афзуд, террористҳо талош доранд дар кишварҳои мазкур аслиҳаи биологӣ ва кимёвӣ низ ба даст оранд.