3 вакили маҷлисҳои маҳаллии вилояти Суғд : Баҳром Бобоев, вакили маҷлиси шаҳри Исфара, ҷонишини раиси ноҳияи мазкур, Абдураҳим Расулов – сарвари кулли корхонаи «Заря Востока» - и шаҳри Табошар ва Абдушукур Уразбаев – сармуҳандиси корхонаи мазкур бо далели даст доштан дар фасоди молӣ аз ваколатҳои масунияти вакилӣ маҳрум шуданд.
Барот Расулов, масъули бахши Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо коррупсияи Суғд, дар сӯҳбати бидуни микрофон бо Озодӣ бо тасдиқи ин хабар афзуд, дар ҳоли ҳозир ба омӯзиши аъмоли сарвари кулл ва сармуҳандиси корхонаи «Заря Востока» машғул аст, аммо ҷузъиёти бештареро дар ин бора бозгӯ карда наметавонад.
Дилрабо Насруллоева, сарвари дастгоҳи раиси кулли корхонаи мазкур гуфт, то ҳол ҳеҷ гуна далели шайъӣ ва айбе алайҳи ин 2 сарвари корхонааш аз ҷониби Оҷонсӣ пешниҳод нашудааст ва онҳо дар озодӣ ба сар мебаранд.
Истифодаи ғайримақсади маболиғи корхона
Як вакили маҷлиси шаҳри Табошар ба шарти ошкор накардани номаш ба Озодӣ гуфт, ки сарвари кулл ва сармуҳандиси корхонаи «Заря Востока» ба хотири ғайримақсад ва ба манфиати шахсӣ кор фармудани маблағҳои бузург, ки аз ҷониби сармоягузорони Русия ба ин корхона ворид гашта буд, таҳти шубҳа қарор гирифтаанд.
Дар мавриди бекор шудани ваколатҳои Баҳром Бобоев - ҷонишини раиси шаҳри Исфара мудири шуъбаи ташкилии ҳукумати ин шаҳр - Исмат Пӯлодов гуфт, ки ки он бо пешниҳоди додситонии маҳал сурат гирифт. Вай афзуд, собиқ муовини раиси шаҳр ба қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар татбиқи қонуни афви амволи Тоҷикистон айбдор ҳисобида мешавад.
Вакилони муттаҳамшуда - аъзои ҲХДТ?
Аммо дар ҳоле ки додситонии Исфара тафтиши парвандаи ҷиноиро пеш мебарад, собиқ муовини раиси ин дар озодӣ қарор дорад ва бархе аз манобеъ мегӯянд, ки аз Тоҷикистон берун рафтааст. Тибқи хабарҳои дарёфтӣ, ин се вакили ҳуқуқи дахлнопазириашон қатъгашта узви ҳизби халқии демократӣ мебошанд.
Коршинос – Тилав Расулзода мегӯяд, аслан ин ҷо гап сари мансубияти ҳизбӣ намеравад, балки системаи идориву раҳбарӣ дар дар Тоҷикистон ба фасоду ришват асос ёфта, мақомҳои зиёдеро ногузир ба ин роҳ мебарад.
Аммо аз сӯи дигар, ба назари ин коршинос, боздошти мансабдорони зинаҳои миёнаи давлатӣ аз ҷониби мақомоти додситонӣ ва Оҷонси назорати молӣ бозгӯи он аст, ки барои мақомоти Тоҷикистон мансубият ба ҳизби ҳукмрон ва мақоми вакилӣ дигар он тилисму «тӯмор» - е ҳам нест, ки мансабдорони даст ба фасоди молӣ ва ҷиноёти дигар задаро аз санҷишу тафтиш ва кашидан ба додгоҳ мисли сипар ҳимоят кунад.