Фергана.рӯ хабар додааст, ки се корманди вазорати дохилаи Тоҷикистон барои ришвахорӣ аз 10 то 13,5 ним сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Бино ба гуфтаи Алпомиш Акбаров-қозии додгоҳ, се корманди бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта сарҳанг Азимҷон Иброҳимов, сарҳанги 2 ё подполковник Холназар Шарипов ва саргурд ё майор Низомиддин Ҳасанов соли 2008 боздошт шуда буданд. Онҳо барои бастани парвандаи Маҳмадулло Нуруллоев ва писараш Амонулло, ки дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуданд, 40 ҳазор доллар ришва хостаанд. Дар натиҷаи бозрасӣ маълум шуд, ки Амонулло воқеан бо қочоқи маводи мухаддир машғул будааст ва вай низ ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.