Бино ба иттлои хабаргузории РИА Новости, як шаҳрванди 20 солаи Тоҷикистон ба эҳтимоли гирифторӣ ба бемории полиомелит ё фалаҷ дар бемористони Екатеринбург бистарӣ шудааст. Дар ин хабар омадааст, тамоми муоинаҳои тиббӣ барои натиҷагирӣ ба пажуҳишгоҳи полиомелити ба номи Чумакови Русия фиристода шудааст. Ин шаҳрванди 20 сола, ки аз вай ном бурда намешавад, бар зидди полиомелит эм нагирифта будааст. Ҳамаи ононе, ки бо ин бемор дар гузаштаи наздик як ҷо кор ва ё зиндагӣ кардаанд, таҳти муоинаи тиббӣ қарор хоҳанд гирифт.