Орбан ба мақоми сарвазири Маҷористон баргашт

Парлумони Маҷористон Виктор Орбанро сарвазири кишвар интихоб кард. Аз номзадии ӯ 261 вакили парлумон аз ҳизби ростгарои ФИДЕС ё Итиҳодияи шаҳрвандии Маҷористон пуштибонӣ карданд. 107 вакил муқобил раъй доданд.
Виктор Орбан аз ин пеш аз соли 1998 то соли 2002 раёсати кобинаи вазирони Маҷористонро бар ӯҳда дошт.