Обама аз соҳаи офат дар Халиҷи Мексика боздид кард

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико бори дигар аз минтақаи офат дар Халиҷи Мексика боздид кард. Дар ин минтақа талошҳо барои бастани даҳонаи чоҳи нафт идома дорад, даҳонаи чоҳе, ки дар давоми як моҳи ахир аз он миллионҳо литр нафт ба об ҳамроҳ шудааст. Ин бори дуввум аст, ки Обама аз ин минтақа дар халиҷ боздид мекунад. Ҳолро нафт ба соҳилҳо расидааст ва ба табиати зинда, ба паррандагону наботот хатар иҷод кардааст. Тони Ҳейворд-раиси ширкати Бритиш Петролиум гуфт, 48 соат зарур аст то рӯшан шавад, ки гили рехташуда ба даҳонаи чоҳи нафт натиҷаи мусбат додааст ё хайр. Дарёсолор Тад Аллен-фармондеҳи нируҳои соҳилӣ ба телевизиони Эй Би Сии Амрико гуфт, 12 то 18 соати оянда "хеле муҳим" хоҳад буд, то талошҳо барои бастани даҳонаи чоҳ натиҷа диҳад.